ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тоҷикистон истеҳсоли Дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро тақвият мебахшад, гуфт Президенти Академияи миллии улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи май олимони тоҷик нахустин Дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро истеҳсол намуданд ва он пас аз такмил ёфтан дар беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" мавриди истифода қарор дода шуд.
Раҳимӣ мегӯяд, маҳсули дасти олимони тоҷик тавассути неруи барқ кор мекунад ва он ҳамагӣ 5 кило вазн дорад, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст.
Илова бар ин, ӯ қайд намуд, ки дастгоҳи мазкур комилан ба нишондиҳандаҳои меъёрии чунин навъи дастгоҳ ҷавобгӯ аст.
Ҳамин тариқ,, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли олимони тоҷик, пас аз марҳилаи такмил гузаштан, ҳоло дар баробари ба беморон додани нафаси сунъӣ, ҳамчунин сатҳи оксиген дар хун ва ҳолати дили беморро низ муайян мекунад.
Академик Раҳимӣ зикр кард, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад истеҳсоли силсилавии дастгоҳҳоро ба роҳ монад.
Барои истеҳсоли ин дастгоҳ зарурати ворид кардани қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷи кишвар ҷо надорад, мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ. Ӯ қайд намуд, ки дар худи Тоҷикистон тамоми шароити васлу насли ин дастгоҳ мавҷуд аст.