Фармони Президент: теъдоди прокурорҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон теъдоди кормандони мақомоти додситониро зиёд намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи равон имзо гардид, ҳадди ниҳоии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ 1 ҳазору 145 нафар муқаррар шуд.
Тибқи ин санад, аз ҷумла шумораи кормандони Дастгоҳи марказии Додситонии кул 207 нафар, мақомоти тобеъ 799 нафар ва Додситонии ҳарбии ҷумҳурӣ 139 нафар муқаррар шудааст.
“Ягон хел хотирбинӣ нест”: Раҳмон дар бораи прокуроре, ки пора мегирифтаасту дар озодист
Раисиҷумҳур Вазорати молияро муваззаф намудааст, ки аз 1 августи соли равон масъалаи таъминоти маошу пардохтҳои иҷтимоии воҳидҳои кории иловагӣ дар мақомоти додситониро ҳал намояд. Маоши воҳидҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт мегардад.
Бори охир Эмомалӣ Раҳмон теъдоди кормандони додситониро ба миқдори 50 нафар соли 2019-ум зиёд карда буд. Он вақт дар Додситонӣ раёсати махсус таъсис ёфт, ки ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бахши замин машғул мебошад.
Дар фармони раисиҷумҳур таъкид шудааст, ки ба шумораи муқарраргардидаи мақомоти прокуратура ҳайати кормандони бахши хизматрасонӣ шомил намебошанд.