Бонки миллӣ дархости Тоҷиксармоягузор”-ро қонеъ накард

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дархости Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии “Тоҷиксармоягузор” барои тамдиди муҳлати амали иҷозатнома, қонеъ накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Қарори раиёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 27 июли соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бо мақсади устувории молиявии низоми суғуртаи кишвар дархости Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии “Тоҷиксармоягузор” ҷиҳати тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома бинобар ҷавобгӯ набудани фаъолияти он ба талаботи қонунгузории соҳавӣ, қонеъ карда нашуд.
Бехабарии раиси Бонки миллӣ аз иқтисоди сиёҳи Тоҷикистон: “шояд 30 дарсади ММД бошад”
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки дар робита ба иҷрои қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, дар бозори суғуртаи кишвар 19 ширкат фаъолият дорад.