Рӯзи 26 июл дар Маскав сабқати бузурги "Колизей: Рақобати қаҳрамонон" байни паҳлавонони Русия, Осиёи Марказӣ ва ИДМ баргузор шуд.
Дар ин задухурдҳо асосан намояндагони Тоҷикистон фаъол буданд. Ва аксари рақобатҳо сарфи назар аз дард ва захмбардорӣ чанд бахш идома кард.
Интизор мерафт, ки Анзор Маҳмудов - варзишкори русиягӣ ва Сорбон Камолов аз Тоҷикистон низ "дуэл" - и дурудароз ва аҷибе нишон медиҳанд.
Аммо рақобат дар октагон бо суръат оғоз ва ба зудӣ ба анҷом расид: рақибон фавран ба ҷанг шитофтанд.
Маҳмудов хост тариқи чархзании аҷиб зарбае бизанад, аммо ҷанговари тоҷик ӯро дастгир карда, муштборон намуд.
Варзишкори русиягӣ ба партер афтод ва Камолов аз ин лаҳза хуб истифода карда, Маҳмудовро нокаут кард.