Заминсози Фархор боздошт шуд: 7 000 гирифту замин надод

Корафтода барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ 7000 сомонӣ дод, вале бо вуҷуди ин ҳам соҳиби замин нагардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз қаллобии як масъули идораи замин дар ноҳияи Фархор хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, муҳандис - заминсози ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор аз як корафтода пул гирифтаву мушкили ӯро бидуни ҳал гузоштааст.
"Раҳимзода А.З. дар давраи фаъолияти кориаш қасдан, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи ваколати мансабӣ ба боварии шаҳрванд "А" даромада, барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 7000 сомонӣ гирифт", - таъкид мешавад дар хабари манаъ.
Боздошти корманди Хадамоти оташнишонии ВКД ҳангоми порагирӣ аз сӯи Оҷонсии зидди фасод
Муҳандис - заминсоз маблағи корафтодаро гирифту мушкили ӯро ҳал накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати намояндаи идораи замин дар ноҳияи Фархор бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ парванда ба суд ирсол карда шуд.