ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора URA.RU бо такя ба як манбаъ дар ниҳоди низомӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, Шойгу барои ширкат дар тамринҳои густурдаи низомие, бо ҳузури низомиёни Русия , Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Машқҳо низомиёни се кишвар аз 5 то 10 август баргузор мешаванд.
Қаблан фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, генерал - полковник Александр Лапин дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон ташриф овард.
Ӯ омодагии ҷангиро дида, аз маҷмааи оптоэлектронии "Окно" нерӯҳои фазонавардии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ки дар кӯҳҳои Санглоки Тоҷикистон воқеъ аст, дидан кард.
"Санҷише, ки Александр Лапин дар Тоҷикистон гузаронидааст, давраи омодагӣ ба ташрифи вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба он ҷо мебоашд", - гуфт манбаъ.
Дар ҷараёни тамрин, ки дар Ҳарбмайдон ва дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, баргузор мешавад, низомиёни кишварҳо, барои мубориза бо террористҳои шартӣ, ки аз марз "ҳамла" кардаанд, якҷоя мубориза хоҳанд бурд.
Ба гуфтаи Лапин, дар ҷараёни тамрин омӯзиш барои шикасти гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ки ба қаламрави давлати иттифоқӣ ҳамла овардаанд, кор карда мешавад.