Тоҷикстандарт 352 соҳибкорро дар минтақаи Кӯлоб барои нақзи қоидаҳои савдо ҷарима кард

Бо мақсади пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ ва маҳсулоти муҳлаташон гузашта масъулини Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб дар давоми шаш моҳ 287 нуқтаи савдо, бозорҳо ва мағозаҳои хӯроки умумиро санҷиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҷурахон Сайдализода, сардори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфит, ки дар натиҷа барои риоя накардани қоидаҳои савдо 352 нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба маблағи 43 680 сомонӣ ҷарима шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҷарима зиёд мебошад.
Кормандони Тоҷикстандар дар ин минтақа аз 224 нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, 26 адад фурӯзонакҳои симобдор, 18 адад фурӯзонакҳои тафсон ва 150 адад бозичаҳои чиниро аз муомилот гирифтанд.
“Аз намунаҳои гирифташуда дар 192 ҳолат маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуд”, - гуфт Ҷурахон Сайдализода.
Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки то ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла қаннодӣ- 219 кг, маҳсулоти ғайримашруботӣ — 286 л, чой — 6,5 кг, маҳсулоти ширӣ — 14,3 кг, маҳсулоти гӯштӣ — 5 кг, қайлаи помидор — 7,4 кг, намак — 18 кг ва дигар маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.
“Тоҷикстандарт” гуфт, киҳо сӯзишвории ғайристандартӣ мефурӯшанд
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки шуъбаи сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ ба 370 соҳибкор шаҳодатномаи кору хизматрасонӣ додааст.