ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, давоми шаш моҳи аввали соли равон 46 ҳазору 646 нафар арӯсу домодшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронда шудаанд.
Муҳсинзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар 549 нафар зарпарварини вируси намуди В ва 95 нафар зарпарвини вируси намуди С – ро ошкор кардаанд.
Дар пайи ташхиси пеш аз издивоҷи арӯсу домодшавандаҳо инчунин 16 ҳолати гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудааст.
Се нафар аз онҳое, ки азми хонадорӣ кардаанд, бемории оташак ва 17 нафар мубталои бемории руҳӣ будаанд, афзуд ноиби аввали вазири тандурустии Тоҷикистон.
Ташхиси қабл аз издивоҷ дар Тоҷикистон дар паёми соли 2015-уми раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар садо дод. Баъдан бо қабули тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон ташхиси тиббии пеш аз никоҳ дар ҷумҳурӣ ҳатмӣ эълон гардид. Ҳадафи ин иқдом ҳифзи саломатии навхонадорон ва насли ояндаашон арзёбӣ гардид.