ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, мавҷудияти коронавируси навъи "Делта" - ро дар кишвар дақиқ месозанд.
Номбурда зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, барои фаҳмидани мавҷудияти коронавируси навъи "Делта" дар кишвар намунаҳо ба Лондон фиристонда шудааст ва ҷавобро мунтазиранд.
Ӯ гуфт, дар асоси нишонаҳои беморӣ дар беморон, вазнинӣ ва сатҳи паҳншавӣ тахмин мезанам, ки ин вирус дар Тоҷикистон ҳаст.
Ҳамзамон ин дар тамоми кишварҳои ҳамсоя низ гардиш мекунад, ки барои ҷамъият зарари бештар дорад, таъкид кард Муҳсинзода.
Қаблан Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино дар Душанбе дар навиштае гуфта буд, эҳтимоли ғолиб ҳоло дар кишвар навъи "ҳиндӣ"-и коронавирус авҷ мегирад, ки ба маротиб гузарандатар ва хатарноктар аст. Дар ҳамин ҳол, Холиқзода қайд мекунад , инро ташхисе дақиқ накардааст.
Аломатҳои ин навъи коронавирус шикамравӣ ва дарди гулӯ гуфта мешавад. Афзун бар ин, "штами Делта аз гиребони ҷавонон сахт медоштааст".