ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир 74 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст, ки 4 ҳолат нисбат ба рӯзи гузашта кам аст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 87 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 74 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд", - гуфтааст, Вазорати тандурустӣ,
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14592 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14096 нафар (96,5%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон бо изофаи як фавтидаи дигар, теъдоди қурбониёни бемории мазкур ба 117 нафар мерасад.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 116 боқӣ монааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум ду намуд ваксин AstraZeneca ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи ваксинзанӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.