ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Калдор, минтақаи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, вазъияти басо ноорому печида дорад.
Субҳи рӯзи 26 июл хабаргузории TOLO News иттилоъ дод, ки неруҳои ҳукуматии Афғонистон тавонистанд ин минтақаро аз дасти Толибон бозпас бигиранд.
Аммо давоми як соат вазъият куллан дигар шуд. Sputnik Афғонистон хабар дод, ки намояндаи расмии ҳаракати Толибон, Забеуллоҳ Муҷоҳид дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки ҷангиёни Толибон* ин минтақаро дигарбора аз дасти неруҳои ҳукуматӣ гирифтанд.
Ба таъкиди ӯ, зимни набарди шадид, дасти кам 6 низомии афғон кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Калдор дар музофоти Балх ҷойгир буда бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Бар тибқи охирин хабарҳо, ҷангиёни Толибон* қаламрави беши Афғонистонро ба тобеияти худ даровардаанд.
Аммо маълумоте, ки ҳукумати Кобул нашр мекунад, хабари забти қаламрави зиёд аз ҷониби Толибонро рад мекунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия