ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Ато Муҳаммади Нур, раиси Шӯрои низомии басиҷи миллии Балх ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар амалиёти фатҳи вулусволии Калдори вилояти Балх аз Толибон* нерӯҳои урдуи миллӣ, команду, сарҳадӣ ва пулиси миллӣ ширкат доштанд.
“Ин амалиёт субҳи имрӯз оғоз шуда, ҳаволии соати 1 – и пас аз зуҳр Калдор озод шуд. раҳбари ин амалиётро фармондеҳони ливои сеюми қули урдуи “Шоҳин”, ливои команду, ливои сарҳадӣ ва омири амнияти пулиси Балх ба ӯҳда доштанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ин бори дуввум аст, ки вулусволии Калдор аз Толибон* озод мешавад. 29 июн ин вулусволиро 29 июни соли равон нерӯҳои таҳти фармони Устод Ато Муҳаммади Нур бо иттифоқи нерӯҳои ҳукуматӣ озод карда буданд, аммо ба зудӣ вулусволӣ дигарбора ба дасти Толибон* афтод.
Устод Ато қаблан ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки далели дигарбора дасти ҳукумат рафтани ин вулусволӣ адами ниҳод ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин вулусволӣ буд, то онро дар даст нигоҳ доранд.
Вай гуфт, ҳамон замон нерӯҳои ӯ ба Мазори Шариф ақибнишинӣ карданд, то як плони озодии тамоми вулусволиҳоро бо нерӯҳои ҳукуматӣ тарҳрезӣ кунанд.
Калдор як вулусволиест, ки тариқи дарёи Ому бо Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Вақте ин вулусволӣ бори аввал 27 июн ба дасти Толибон* суқут кард, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Афғонистон аз постгоҳи сарҳадии Чукчуки Калдор тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми қитъаи сарҳадии 0305 “Шаҳритус”, ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд.
Калдор дар ҳамсоягии шаҳри бандарии Ҳайратон, муҳимтарин нуқтаи тиҷоратӣ бо кишварҳои шимол - Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ҳатто кишварҳои Аврупову Чин воқеъ аст.
Ҳайратон танҳо гузаргоҳи марзиии Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон* нагузаштааст. Аз ин шаҳр танҳо роҳи оҳан ва як қисмати бузурги маводи тиҷоратии воридотӣ ба Афғонистон мегузарад.
Бо фатҳи Калдор теъдоди вулусволиҳое, ки дар Балх таҳти назорати ҳукумати Афғонистонанд, ба 7 мерасад. Бақия 8 вулусволии Балх ҳамоно таҳти султаи Толибонанд*.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.