ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, генерал - полковник Александр Лапин дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Лапин аллакай ба яке аз иншооти низомии Русия дар ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Вай аз маҷмааи оптоэлектронии "Окно" нерӯҳои фазонавардии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ки дар кӯҳҳои Санглоки Тоҷикистон воқеъ аст, дидан кард.
Фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ба як урдугоҳи низомӣ, ки дар шаҳри Норак воқеъ аст, ташриф оварда, бо хусусияти иншооти Русия шинос шуд, ки вазифаи ҷангии идоракунии фазои кайҳониро иҷро мекард.
"Натиҷаҳои кор нишон доданд, ки вазифаи ҷангӣ ва сатҳи тайёрии касбии ҳайати шахсӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд", - таъкид кард Лапин ва ҳайати шахсии маҷмааро бо 41-умин солгарди таъсиси қисми низомӣ табрик гуфт.
Маҷмааи оптоэлектронии "Окно" барои шинохтани объектҳои кайҳонӣ дар баландии 2,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгир аст.
Он барои муайян ва тасниф кардани объектҳои кайҳонӣ дар баландиҳои то 50 ҳазор километр пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 10 август Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон ва дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, машқҳои муштарак баргузор мекунанд.
Дар ҷараёни тамрин, низомиёни се кишвар якҷоя кор хоҳанд кард - барои мубориза бо террористҳои шартӣ, ки аз марз "ҳамла" кардаанд.
Ба гуфтаи Лапин, дар ҷараёни тамрин омӯзиш барои шикасти гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ки ба қаламрави давлати иттифоқӣ ҳамла овардаанд, кор карда мешавад.