ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Баҳодур Усмонов дар даври аввали сабқати муштзанӣ дар вазни то 63 кило, пирӯз шуда, ба даври ҳаштякфиналии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт, хабар медиҳад ТВ Варзиш.
Баҳодур Усмонов дар сабқати нахустинаш муштзан аз Ҷумҳурии Доминикана - Леонел де Лос Сантосро мағлуб кард.
Муштзани тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби 4: 1 шикаст дод.
Акнун намояндаи Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоӣ 31 июл ба ринг мебарояд. Рақиби ӯ ҳанӯз муайян нашудааст.
Бояд гуфт, Баҳодур Усмонов ситораи ҷавони бокси тоҷик аст. Ӯ дар фаъолияти касбии худ аллакай чор ғалаба ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, 10 варзишгар: муштзанҳо - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, дар риштаи варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев, дар ҷудо - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва дар шиноварӣ Анастасия Тюринаю Олимҷон Ишанов намояндагӣ мекунанд.