Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Қазоқистон барои ҳимояи марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак пешниҳод кард

Кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд дар баробари таҳдиди муштарак, муттаҳид шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо сардори департаменти мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбоев телефонӣ суҳбат кард.
Ҷонибҳо вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намудаанд.
Ермекбоев омодагии ҷониби Қазоқистонро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо хатарҳо ва чолишҳои мавҷуда иброз дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати дифои Қазоқистон.
Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Раҳбарони мудофиа инчунин ба масъалаҳои марбут ба мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе дахл кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон миёни низомиёни ҳукуматӣ ва "Толибон"* муқовимати ба вуҷуд омадааст.
Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар якбора фаъол шуданд.
Дар пасманзари таҳдиди афзоянда, Тоҷикистон омодагии ҷангии нерӯҳои худро тақвият мебахшад.
Қувва ва қудрат: Тоҷикистон омодагии ҷангии худро нишон дод - 19 акс
Дар давоми ҳафта дар саросари кишвар санҷиши омодабошии ҷангии нерӯҳо гузаронида шуд.