Коршинос гуфт, чӣ гуна бояд аз ҷиҳати молиявӣ ба таътил омода шуд

Иқтисодшинос Переславский гуфт, ки чӣ гуна бояд аз ҷиҳати молиявӣ ба таътил омода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Нахуст бояд истироҳаткунанда макони ба табъи дилашро интихоб кунад мегӯяд, коршиноси Департаменти таҳқиқоти иқтисодӣ ва молиявии CMS Institute Николай Переславский.
Ба гуфти коршинос дар ҳар сурат истироҳаткунанда бояд бо худ 30-40% бештар аз хароҷоти асосӣ, маблағ дошта бошад.
Ин маболиғ барои ҳолатҳои ғайричашмдошт бояд нигоҳ дошта шавад.
Истироҳаткунанда бояд, бо худ маблағи кофии нақд дошта бошад, зеро на дар ҳамаи кишварҳо банкомат дастрас аст.
Коршинос гуфт, чӣ тавр бояд дуруст истироҳат кард
Инчунин, дӯстдорони корт метавонанд бо асъори миллии кишваре, ки мехоҳанд сафар кунанд, суратҳисоб кушоянд ва кортро истифода баранд.
Дар мавриди мубодилаи асъор бошад, варианти беҳтарин барои ҳар як шахсе, ки давра ба давра ба хориҷа сафар мекунад, доштани ҳисоби инвеститсионӣ ва иваз кардани асъор бидуни пардохти иловагии бонкҳо мебошад.
Русиягиҳо мехоҳанд тобистонро дар Тоҷикистон гузаронанд
Ба гуфти коршинос бо ин роҳ шахс метавонад ҳадди аққал 2-3% маблағашро нигоҳ дорад, ки ин метавонад бонуси хеле назаррас бошад.