ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Дар роҳи мошингарди "Душанбе-Бӯстон-Чанноқ" ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух дод.
Ба хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса соати 02:20 дақиқаи 23 июл дар ҳудуди деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷабборо Расулов иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 43 - солаи автомашинаи "Мерседес Бенс-Спринтер", сокини ноҳияи Деваштиҷ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Бӯстон-Чанноқ" дар километри 276 аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромад.
Дар натиҷа, ӯ ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес Бенс - Атеко" бархӯрд.
Ин худравро ронандаи 32 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар канори роҳ гузошта, ба таъмираш машғул буд.
Манбаъ меафзояд, аз бархӯрди мошинҳо ронандаи 32 - сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол дода шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.