ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи чораҳои пешгирифта дар бораи бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, бахусус дар самти соҳилбандӣ, пурра маълумот доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод то ин вақт мустаҳкамкунии соҳил дар 733 метр анҷом ба анҷом расидааст.
“Аз ҷумла, дар мавзеъҳои Ёқсу 85 метр, Чорчашма ва комбинати хиштсозӣ 175 ва 48 метр, Минтути сойи Тебалай 255 метр ва Даҳанасой 95 метр”, - таъкид доштааст Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ.
Қайд карда шудааст, ки барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар сойҳои Тебалай, Девонасой, Шӯраксой ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ лоиҳа омода шуда, барои таҳияи барнома ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод гаштааст.
“Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик аз тарафи МД “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз гарданд”, -гуфт манбаъ.
Ба таъкиди мудири бахши сохтмон ва соҳилбандии агентӣ Шаҳло Содатсайрова, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба он минтақаҳое, ки қаблан бехавф буданд, ҳоло сел омада истодааст.
“Бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи барномаи нави соҳилбандӣ чунин минтақаҳоро ба он ворид карданианд”, - зикр кардааст номбурда.