ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Ин ҳодиса ҳаволии соати 17:00 - и 24 июл рух дода, мӯҷиби ҳалокати Абдуманнон Тошбоев, яке аз бригадирони шахта шудааст.
“Таркиш дар пайи хориҷшавии гази дохили шахта ба амал омадааст”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти сӯхторнишонӣ ва табибон як гуруҳи таҳқиқ барои омӯзиш ва бартараф кардани паёмадҳои таркиш дар маҳалли ҳодиса қарор дорад.
Кони Шӯроб дар шаҳри Исфара яке аз бузургтарин конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба ҳисоби аҳолӣ истифода мекунанд.
Масъулини кон гуфтанд, ки чунин ҳодисаи нохуш даҳсолаҳо ба ин сӯ иттифоқ наафтода буд.