ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд ба дидорбинии хонаводаҳое рафт, ки бар асари офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд.
Бино ба иттилои котиботи раиси вилояти мазкур, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ташриф ба манзили мотамзадаҳо тасаллияти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ба пайвандони ҳалокшудагон аз номи Президент кӯмаки моддӣ ва пулӣ расонида шуд.
Манбаъ дақиқан нагуфтааст, ки ба хонаводаҳои мотамзада аз номи роҳбари давлат чӣ миқдор маблағ кӯмак карда шуд.
Ёдовар мешавем, сели харобиовари рӯзи 19 июл, ки деҳаҳои Вешист, Рӯзиобнок ва Киштӯдаки болои ҷамоати деҳоти Ёриро фаро гирифт, дар пай талафоти ҷонӣ ҳам дошт.
Бар асари ин офати табиӣ дасти кам 12 нафар қурбон шуданд. Аз ҷумла, Этмишева Ором, Эгамбердиева Мусаллам, Исмоилова Сабрина, Исмоилова Нозима, Ҷониқулова Мавлуда, Ёқубов Ҳабиб, Исмоилова Парвина, Исмоилова Марворидхон, Исмоилова Сафина, Исмоилов Озодбек, Исмоилзода Нигина ва Исмоилзода Ҳасан ба ҳалокат расиданд.
Зикр мегардад, ки офати табиӣ ҳамзамон ба манзили истиқоматии сокинон, роҳу пулҳои мошингузар, хатҳои оби нӯшокиву полезӣ, хати барқу транформатор ва майдонҳои кишт зарар расонида, якчанд нақлиёти сабукраву боркаш ва даҳҳо сар чорворо нобуд кардааст.
Дар деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида поккориҳо идома дорад ва масъулин саъй доранд, ки дар зудтарин фурсат сокинони Вешистро бо неруи барқ таъмин намоянд.