ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Раҳбари Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия Геннадий Зюганов дар мусоҳиба бо Тина Канделаки ворисони эҳтимолии президенти Русия Владимир Путинро номбар кард.
Ба рӯйхати роҳбари коммунистҳо якбора панҷ довталаб барои мансаби сарвари давлат дохил карда шуданд.
"Мо бисёр ҷавонҳои, серғайрат ва боистеъдод дорем: Афонин (муовини якуми раиси Ҳизби коммунист, вакили Думаи давлатӣ), Новиков (муовини раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунист) ва Калашников (котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунист оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, аъзои президиум)", - гуфт Зюганов.
Ба гуфтаи раҳбари Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия, губернатори вилояти Орлов Андрей Кличков ва шаҳрдори Новосибирск Анатолий Локот низ метавонистанд раёсатҷумҳуриро ба ӯҳда гиранд.
Зюганов таъкид кард, ки мақомот бояд шӯрои илмии машваратӣ дошта бошанд.
Қаблан, ворисони эҳтимолии Путинро раҳбари ҳизби Либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский номбар карда буд.
Ӯ гуфт, ки ҷои сарвари давлатро Михаил Мишустин, Сергей Шойгу, Сергей Собянин, Валентина Матвиенко ё Дмитрий Медведев ишғол карда метавонанд.
Жириновский худ низ зидди ба курсии президентӣ нишастан нест. Вай ба наздикӣ эълом дошт, ки ният дорад дар интихоботи соли 2024 ширкат варзад.
Худи Путин низ қаблан дар бораи ворисаш ҳарф зад. Ӯ гуфт, пас аз муддате хоҳад гуфт, ки кӣ сазовори роҳбарии кишвар аст.