ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Толибон шарти асосиро ба мақомоти афғон ба миён гузоштанд, хабар медиҳад "Ассошиейтед Пресс".
Тибқи изҳороти намояндаи дафтари сиёсии Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) дар Доҳа Суҳайл Шоҳин, толибон истеъфои президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро талаб доранд.
Ҳамзамон, Толибон қайд мекунанд, ки истеъфои сарвари давлат шарти асосии оташбас хоҳад шуд. Мушаххас карда шудааст, ки ҷангиён аз ҳамла ба марказҳои вилоят худдорӣ мекунанд, онҳо низ қасди забти Кобулро надоранд.
Ҳамзамон, толибҳо қайд мекунанд, ки истеъфои сарвари давлат шарти асосии оташбас хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ҷангиён аз ҳамла ба марказҳои вилоят худдорӣ мекунанд ва онҳо низ қасди забти Кобулро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раҳбари хадамоти иктишофии ИМА Вилям Бернс гуфта буд, ки муваффақиятҳои низомии ҷунбиши радикалии Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон боиси нигаронист.
Ҳамзамон, ин тамоюл ҳеҷ гоҳ маънои суқути ногузири мақомоти кишварро надорад, таъкид кард ӯ.
"Бояд эътироф кард, ки ҳукумати Афғонистон ҳанӯз ҳам қобилиятҳои назаррас дорад", - гуфт Бернс.
Дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) идома дорад, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз хоки ин кишвар оғоз шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз 398 ноҳия беш аз 200 тоша зери назорати Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) қарор гирифтааст. Бархӯрдҳои шадид бошад, дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.