ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ваксинзанӣ алайҳи бемории коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати тандурустӣ омори ахир аз ҷараёни ваксингирии аҳолиро нашр намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати мазкур, феълан дар Тоҷикистон 447,1 ҳазор нафар барои ҳимояи худу наздиконаш ваксин алайҳи коронаиврус гирифтанд.
Гуфта мешавад, бо вояи дуюм аллакай 22,2 ҳазор нафар эмгузаронӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ сар аз 23 март маъракаи иммунизатсия эълон карда шуд. Ҳоло дар кишвар ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад.
Ахиран бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус, дар кишвар афроди аз 18 - сола боло бояд ваксин гиранд.
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст даоднд.