Тоҷикистон дар Самарқанду Бухоро филм ба навор мегирад

Тоҷикистону Ӯзбекистон нақша доранд дар ҳошияи ёддоште, ки имзо карданд, ду филми муштарак ба навор гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон қисме аз як филми муштарак бо Ӯзбекистонро дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ба навор мегирад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён мудири "Тоҷикфилм" дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Бино бар иттилои вай, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои ба навор гирифтони ду филм Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.
"Филми "Ситораи ноаён" -и коргардон Муҳаббат Сатторӣ аз рӯи филмномаи Бахтиёр Каримов қисман дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ба навор гирифта хоҳад шуд", - афзуд Шоҳиён.
Ба иттилои вай, барои нақшофарӣ дар филми мазкур ҳунармандони ду кишвар тариқи кастинг интихоб карда мешаванд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ филм меофаранд: тафсилот
Филми дигар "Санг ва об"-и коргардон Искандар Усмонов будааст, ки ба қавли раиси "Тоҷикфилм" филмномаи он пурра омода буда, барои рӯи навор омдани он феълан гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Маҳмадсаид Шоҳиён дар ҳамин ҳол ёдрас мешавад, ки даврони тиллоии ҳамкориҳои ду кишвар солҳои 70- 80-и қарни гузашта буданд. Баъдтар баъзе мушкилиҳо пеш омаданд, ки ҳоло пурра рафъ гардидаанд.
Асосгузори кинои ӯзбек ҳунарманд, коргардони машҳури тоҷик, зодаи Тоҷикистон Комил Ёрматов мебошад, таъкид кард вай.