Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Пешниҳоди сокинони пойтахт ба Расулзода ва Абдуллозода: "ду ҳафта қарантин эълон кунед"

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Ҳамарӯза теъдоди ҳолатҳои нави гирифторшавӣ афзоиш ёфта, расман аз 1 то 3 фавт қариб ҳар рӯз сабт мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Сокинони шаҳри Душанберо вазъи феълии коронавирус нигарон намудааст ва онҳо ба сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода пешниҳоди эълон кардани қарантинро ироа намудаанд, менависад сомонаи Pressa.tj.
Гуфта мешавад, сокинони пойтахт аз Расулзода ва Абдуллозода дархост намудаанд, ки дар шаҳри Душанбе лоақал барои ду ҳафта қарантин ҷорӣ шавад ва вазъият каме рӯ ба беҳбудӣ ниҳад.
Сокинон мегӯянд, дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе сироят ёфтани мардум аз коронавирус афзоиш ёфтааст.
"Марг ҳам кам нест. Ҳамарӯза хабарҳо аз маргу мири одамон дар кишвар дили мо сокинонро тира мегардонад", - таъкид намудаанд сокинон дар муроҷиати худ.
Душанбегиҳо пешниҳод намудаанд, ки дари тарабхонаву ошхонаҳо, бозорҳо ва ҳамагуна марказҳои хизматрасонӣ масдуд шавад.
Ҳамчунин пешниҳод намудаанд, ки дар сартосари Тоҷикистон лоақал ду ҳафта қарантин эълон ва дар ин муддат корҳои безараргардонӣ бештар фаъол карда шаванд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Холиқзода дар бораи мавҷи сеюми коронавирус, штами "ҳиндӣ" ва бепарвоӣ дар Тоҷикистон
Дар идома, муроҷиаткунандаҳо аз бепарвоии аксар сокинони пойтахт низ нигаронӣ намуда, онҳоро ба риоя кардани оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ даъват намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 68 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардид. Ҷамъан теъдоди гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 14 359 нафар баробар шудаст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта, 116 кас ҷон аз даст доданд.