Дар Русия кор куну дар Тоҷикистон нафақа гир: шарҳи пардохти нафақа ба муҳоҷирон

Думаи давлатии Русия гуфт, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, бо расидан ба синни бознишастагӣ нафақа хоҳанд гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатиро тавзеҳ дод, менависад нашрияи URA.RU.
Ӯ гуфт, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ, нафақа хоҳанд гирифт.

"Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд", - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.

Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррарии ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.
Тоҷикистон ва Русия дар бораи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд
Муҳоҷирон, замоне, ки ба ватани худ бармегарданд, нафақа мегиранд. Нафақаро он давлате пардохт мекунад, ки муҳоҷир дар он ҷо кор кардааст.
Манбаъ афзуд, чунин шакли пардохти нафақа дар Русия аз солҳои пеш ҷорӣ буд, зеро Русия ба гунаи созишнома бо Тоҷикистон шартномаҳои зиёд дорад, аз ҷумла бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ИДМ ва кишварҳои узви ИИАО.
"Онҳое, ки бо мо кор карданд, аз ҳисоби мо дар хориҷа нафақа мегиранд, онҳое, ки дар хориҷа кор карда ба ватан баргаштанд, дар ин ҷо мегиранд", - хулоса кард Бессараб.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ аллакай ба мувофиқа расиданд.
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Дар ин бора роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми ҷанбаҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи нафақа ҳангоми видеоконфронси корӣ ҳалли худро ёфтанд.
"Лоиҳа бо мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст", - гуфт Давлатзода.
Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.