ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Далелҳои кофӣ мавҷуданд, ки нишон медиҳанд, Иёлоти Муттаҳида бо ҷангиёни созмони террористии "Давлати исломӣ" (созмони террористии мамнуъ дар Русия) дар шимоли Афғонистон ҳамкорӣ кардааст, гуфт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.
"Мо дар бораи парвозҳои чархболи номуайян, ки аз соли 2017 дар доираи фаъолиятҳои ҷангиёни ДИИШ (созмони террористии мамнуъ дар Русия), ба хусус дар шимоли Афғонистон сабт шудаанд, саволҳои зиёде доштем ... Тибқи иттилои манбаъҳои афғон, тавассути ин ҳавопаймоҳо, нерӯҳои нав ба сафи ДИИШ оварда шуданд, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ интиқол дода шуданд",- гуфт Захарова дар як брифинги ҳафтаина.
Намояндаи вазорат таъкид кард, ки ин маълумот якчанд маротиба пешкаши омма карда шуд, ки диққати сохторҳои байналмилалиро талаб мекунад.
"Бидуни огоҳии Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои НАТО, ки фазои ҳавоии Афғонистонро комилан назорат мекарданд, чунин фаъолиятҳо ғайриимкон буданд", - таъкид кард Захарова.
Вай афзуд, ки ҳолатҳои зарбаҳои ҳадафраси нерӯҳои ҳавоии ИМА ба мавқеъҳои ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (манъ дар Русия), ки бо даргириҳо бо ДИИШ (созмони террористии мамнуъ дар Русия) ворид шудаанд, вуҷуд доранд.
"Чунин рафтор бешубҳа далелҳои ҳамкориҳоро нишон медиҳад. Мо чунин мешуморем, ки ин маълумот барои баровардани хулоса дар бораи ҳамкории ИМА ва ҷангиёни ДИИШ кифоя аст", - хулоса кард Захарова.
Қаблан фиристодаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов гуфта буд, ки Русия далелҳои ҳамкории ИМА бо ДИИШ-ро дорад. Вай гуфт, ки маълумот аз афғонҳо омадааст. Ғайр аз ин, нишондоди Толибон (созмони террористии мамнуъ дар Русия) аз далелҳои шарикӣ шаҳодат медиҳад.