Низомиёни пойгоҳи 201 ба деҳаи дурдасти Эсанбой хӯрока ва либос бурданд

Сокинони як деҳаи дурдаст аз низомиён кумаки башардӯстона дарёфт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Намояндагони Шӯрои занони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба деҳаи Эсанбой кӯмаки башардӯстона бурданд. Дар ин бора дафтари матбуоти пойгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳудуди пойгоҳи низомӣ ҷамъоварии ихтиёрии хӯрокворӣ, маводи мавриди ниёз, бозичаҳои бачагона ва доруҳо ташкил карда шуд. Сипас онҳо маҳсулотҳои ҷамъовардаро ба деҳа бурданд.
Сокинони Эсанбой аз дидани низомиён хушҳол шуданд. Ба гуфтаи сокинон, онҳо ҳамеша ба кӯмак омодаанд, алахусус дар заминаи пандемияи коронавирус.
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо мошинҳои ҳарҷогард муҷаҳҳаз мешавад
Ҳоло оилаҳои маҳаллӣ бо либос ва хӯрокворӣ таъминанд: хизматчиён равғани офтобпараст, тухми мурғ, гӯшт, макарон, ғалладонагиҳои гуногун ва дигар маҳсулот оварданд.
Инчунин барои кӯдакон шириниҳо тақсим карда шуд.
"Хушбахтона, мо нафареро дорем, ки агар кӯмак хоҳем, ҳатман онро хоҳем гирифт", -мегӯяд яке аз модарони серфарзанд Эсанбой.
Ин бори аввал нест, ки намояндагони Шӯрои занон, ки аз кормандони низомии пойгоҳи 201 иборатанд, чунин чорабиниҳо баргузор мекунанд.
Ҳамин тавр, онҳо моҳи феврали соли 2021 ба деҳот бастаҳои хӯрокворӣ, либоси гарм ва ашёи хониш барои кӯдакони маҳаллиро интиқол доданд.
Ёдрас мешавем, Эсанбой дар масофаи 80 километри Душанбе ҷойгир аст ва яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.