Беҳтарин ихтироъкорони Тоҷикистон маълум шуданд

Зумрат Ғайбуллоева ва Суҳбатҷон Баҳриев беҳтарин ихтирохкорони Тоҷикистон дар солҳои 2019 – 2020 эълон гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Зумрат Ғайбуллоева, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ихтироъкори беҳтарини ҷумҳурӣ дар солҳои 2019-2020 дониста шуда, медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро соҳиб гардид.
Ғайбуллоева 7 нахустпатент, 1 патенти Авруосиёгӣ, 4 аризаи Авруосиёгӣ дар мавриди ихтироот дорад, хабар дод Маркази миллии патенту иттилоот.
Манбаъ афзуд, Суҳбатҷон Баҳриев, ихтироъкори дигари беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020, дорандаи 1 патент, 15 нахустпатент, 2 патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошад.
Дар маҷмуъ ба озмуни Беҳтарин истироъкори Тоҷикистон 51 нафар 117 ихтироашонро пешниҳод намудаанд.
Ихтироъ: аспиранти тоҷик ба як корхонаи Русия миллионҳо рубл фоида меорад
Се доктори илми кимиё ва тиб Зайниддин Муҳиддинов, Ғиёсиддин Мироҷов, Неъмат Бозоров ва ихтироъкорони дигар Луқмон Нуралиев, Шонаврӯз Самиҳов ва Ҷумабой Шамсидинов бо ҷоизаи Маркази миллии патенту иттилоот сарфароз гардидаанд.
Мушахассан дар мавриди он ки соҳибони ҷоиза чиро ихтироъ кардаанд, иттилоъ дода нашудааст.
Озмуни “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ду сол як маротиба бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ баргузор мегардад.