ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар Қазоқистон сар аз аввали пандемияи коронаиврус ду кӯдак қурбони ин вабо гардиданд.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ як ҳолати фавт дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ ва дигаре дар Нур - Султон ба қайд гирифта шуд.
Ажар Гиниян муовини Вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, аз аввали сол 34 ҳазор кӯдак дардманди ин беморӣ гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар бемористонҳо 558 кӯдаки гирифтори коронавирус табобат мегиранд, ки аз ин миён 13 тифлони навзод ҳастанд.
"Моҳҳои охир мубталошавии кӯдакон ба коронавирус афзоиш ёфт. Аз ҷумла ду нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. То ҳол ду фавт сабт гардидааст, ки яке дар Қазоқистони шимолӣ ва дигаре дар Нур - Султон", - тавзеҳ дод муовини вазири тандурустӣ.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар семоҳаи чоруми соли равон ба Қазоқистон ваксини Pfizer- ро ворид мекунанд, ки эмгузаронии кӯдакон бо ин ваксин иҷозат дода шудааст.
Интизор меравад, дар Қазоқистон пас аз ворид кардани ваксини мазкур кӯдакони аз 12 - сола болоро бо ризоияти волидони онҳо ваксин мекунанд.