Тоҷикистон ба марзи Афғонистон 20 ҳазор низомӣ фиристод

Дар иртибот бо вазъи ноороми минтақа, 20 ҳазор низомии изофӣ ба марз бо Афғонистон фиристода шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Нерӯҳои иловагии низомӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон фиристода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
"Бист ҳазор афсару сарбози захираҳои сафарбарӣ ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд", - омадааст дар паём.
Ин дар доираи таҳкими хатти марзҳои Тоҷикистон дар пасманзари муноқиша дар давлати ҳамсоя анҷом дода шуд.
Ғайр аз ин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президент Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷангии тамоми ҷузъу томҳои артишро санҷид.
Субҳи барвақти 22 июл 230 ҳазор нафар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Президент зимни суханронӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ қайд кард, ки чунин омодагӣ бинобар вазъи ноустувори минтақа зарур аст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мушкили Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал намешавад
Президент гуфт, вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст.
"Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем",- гуфт президент.