ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, агар донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд, хоҳиши таҳсил намудан ба донишгоҳҳои кишварро дошта бошанд, бидуни мушкил онҳо интиқол меёбанд.
Бино ба иттилоъи ин масъули Идораи маориф, ҳоло 215 нафар аз шумори умуми донишҷӯён, сокинони шаҳру навоҳии Суғд будаанд.
“Мо шумораи ҳамаи онҳоро бо ном ва насабашон дақиқ кардаем. Вазорат, барои ҳамаи онҳое, ки дар он ҷо таҳсил кардаанду мекунанд, агар хоҳиши минбаъд дар кишвар таҳсил намуданро дошта бошанд, ононро аз рӯи ихтисоси қабулшуда ба донишгоҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ бе мушкил қабул карда метавонад. Дар ин бора дастури вазири маориф қабул шудааст”, - гуфт Каримзода.
Бино ба иттилоъи Вазорати маориф беш аз 1930 сокини кишвар дар донишгоҳу донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд. Шуморе аз шаҳрвандони Қирғизистон ҳам донишҷӯёни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон низ будаанд.
Масъулони Идораи маориф мегуянд, то оғози соли таҳсили нав як моҳи дигар муҳлат аст ва дар ин фурсат онҳое, ки хоҳиши интиқол ёфтан ба донишгоҳҳои ҳудуди кишварро доранд, бояд ва Вазорати маориф муроҷиат кунанд.
Ахиран Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти хабарие гуфт, муҳассилини тоҷике, ки мехоҳанд аз Қирғизистон ба муассисаҳои таълимии олиии ҷумҳурӣ гузаранд, бояд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Масъулини Вазорати маориф мегӯяд, афроде, ки дар шакли буҷавӣ таҳсил мекунанд ба бахши буҷавӣ ва шартномавӣ мувофиқан ба бахши шартномавӣ интиқол дода мешаванд.
Ба гуфти вазири маориф, дар Қирғизистон асосан дар ду шакл таҳсил мекунанд. Яке тибқи квотаҳои байниҳукуматӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки худашон барои таҳсил рафтаанд. Ба гуфтаи вазир, онҳое, ки худашон барои таҳсил рафтаанд, зиёда аз 2 ҳазор нафар буда, асосан дар шаҳрҳои Бодканд, Ош ва Бишкек таҳсил мекунанд.
Мақомдорони Вазорат таъкид намуданд, ки аз сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хостаанд, ба донишҷӯёне, ки имкони сафар ба Қирғизистонро надоранд, барои гирифтани маълумотномаҳои зарурӣ мусоидат намоянд.
Мушкилот дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи марзии моҳи апрелӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа Қирғизистон вуруди шаҳрвандон ва борҳои самти Тоҷикистонро манъ кард.