ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, Маскав намегузорад, ки марзи Тоҷикистон мавриди таҷовуз қарор гирад ва дар ҳолати зарурӣ барои пешгирӣ аз ин кор чораҳои зарурӣ меандешад, менависад РИА Новости.
Ин иддаоро муовини вазири умури хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко изҳор дошт ва таъкид кард, ки ба ин далел низомиёни Русия дар пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон машқҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ анҷом медиҳанд.
"Дар ҳолати зарурӣ, Федератсияи Русия тамоми чораҳои заруриро барои пешгирии таҷовуз ё иғвоҳои минтақавӣ мувофиқи рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқи Русия ва Тоҷикистон меандешад", - таъкид кард Руденко.
Вай қайд кард, ки робитаҳои пуршиддат байни шӯъбаҳои мудофиа ва сарҳадии Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, илова бар ин, воситаҳои СААД фаъолона истифода мешаванд.
Ба гуфтаи Андрей Руденко, Русия минбаъд низ дар таҳкими қобилияти мудофиавии Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Ин ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи татбиқи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз 23 сентябри соли 2013 дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон сурат мегирад.