Дар Панҷакент ҷустуҷӯи ҷасади ҷавоне, ки барои наҷот додани модараш ғарқ шуд, идома дорад

Ҳабибҷони Ёқуб, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, ба хотири наҷот додани модараш худро ғарқи селоба намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бо гузашти се рӯз аз фаромадани сели азим дар деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент, ҷустуҷӯи ҷасади ду нафар бидуни натиҷа анҷом ёфтааст.
Бар асари ин офати табии дасти кам 12 сокини ин деҳа ҷон аз даст доданд, ки 7 қурбонӣ аъзои хонаводаи Исмоиловҳо мебошанд. Аксари қурбониёни ин хонаводаро кӯдакон ташкил доданд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки рӯзи 21 июл, дар деҳаи мазкур корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ду нафари ғарқшуда, ки аз чарогоҳи кӯҳӣ ба зер рафта буданд, идома кард, вале бидуни ягон натиҷа анҷом ёфт.
Бар хабари маълумотҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, яке аз ин ду ғарқшуда, Ҳабибҷони Ёқуб мебошад, ки ҳамагӣ 19 сол дошт.
Ёқуб ба хотири наҷот додани ҷони модараш худро ҳаволаи селоба дод, ки дар натиҷа тавони саломат баромаданро пайдо накард ва ғарқ шуд.
Ҳушдори КҲФ аз сел дар Суғду ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ дар чор рӯзи оянда
Ба ҷуз Ҳабибҷони Ёқуб ҳамчунин ҷасади Исмоилова Нозима ҳам ҳоло дарёфт нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи 19 июл дар Панҷакент сели азим фаромад, ки дар пай ҷони 12 нафар сокинони деҳаи Киштудакро гирифт.
Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки сел фавтидагонро дар чарогоҳи тобистона, ки машғули чорвочаронӣ буданд, ба комаш мекашад ва ҷасади ёфтшудаҳоро бо ҷархбол ба деҳа меоранд.

"Вақте борони шадид меборад, онҳо барои паноҳ бурдан ба хаймаҳо медароянд, аммо сел онҳоро бо хаймаҳояшон якҷо мебарад", - гуфта буд манбаъ.

Ба иттилои расмии КҲФ, сел ҳамзамон 35 сар чорвои сокинонро рабуда, роҳу хонаҳоро низ вайрон кардааст.
Боронҳои шадиди рӯзи 19 июн тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта, дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.