Ҷамъоварии наздик ба 100 ҳазор тонн мева дар Тоҷикистон

Деҳқонони Тоҷикистон меваҳоро фаъолона ҷамъоварӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, дар миёнаи моҳи равон зиёда аз 96,8 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳосили ҷамъоваришуда нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 16,5 ҳазор тонна зиёдта будааст.
Вазорати кишоварзӣ таъкид доштааст, ки токзорҳои кишвар дар ин мавсим ҳосили хуб додаанд. Ҳамин тавр, то имрӯз дар саросари кишвар тақрибан 1,9 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Олими тоҷик: сармои рӯзҳои наздик ба гулҳои дарахтони мева таъсири зиёд намерасонад
"То имрӯз ҷамъоварии мева дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, кишоварзони вилояти Суғд 35914 тонна, вилояти Хатлон 52528 тонна ва НТҶ 8390 тонна саривақт ва беталаф мева ҷамъоварӣ намуданд", иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Дар ҳамин ҳол, нархи мева, бахусус ангур, нисбат ба соли гузашта чандон фарқияте накардааст.
Ҳоло як кило ангур дар бозорҳои Тоҷикистон вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 5-10 сомонӣ арзиш дорад.