Ҳарифони Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ дар Токио маълум шуданд

Аз миёни варзишгарони тоҷик нахустин шуда Сомон Маҳмадбеков қувваи бозуи худро нишон медиҳад. Ҳарифи ӯ Аҳмад Аликай аз Дастаи мунтахаби гурезаҳо мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Токио мизбони Бозиҳои олимпии тобистона аст ва чорабинӣ аз 23 июл оғоз ёфта то 8 август идома мекунад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Зимнан, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи варзишгарони ин ришта аз 26 июл оғоз меёбад.
Нахуст аз миёни дзюдочиёни тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба майдон мебарояд. Мусобиқаи ӯ рӯзи 26 июл соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳарифи ӯ Аҳмад Аликай мебошад, ки намояндаи Дастаи мунтахаби гурезаҳо аст.
Дастурамали ниҳоӣ барои бозиҳои олимпии Токио - 2020 нашр шуд
Рӯзи 27 июл, Акмал Муродов бо ҳарифи худ Ҷоштер Эндрю аз Гуам вориди майдони қувваозмоӣ мешавад.
Рӯзи баъдӣ мусобиқаи Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Фаронса Алекс Клергет баргузор мегардад. Ва ниҳоят рӯзи 30 июл намояндаи охирони Тоҷикистон дар риштаи дзюдо Темур Раҳимов бо ҳарифи худ аз Куба, Эндӣ Гранда қувваозмоӣ мекунанд.
Муҳорибаи ҳамаи дзюдочиёни тоҷик соати 07:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.