Бехабарии раиси Бонки миллӣ аз иқтисоди сиёҳи Тоҷикистон: “шояд 30 дарсади ММД бошад”

Мақомоти кишвар ҳаҷми итисоди сиёҳи Тоҷикистонро қаблан 20 дарсади ММД арзёбӣ карда буд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми иқтисоди сиёҳӣ кишвар маълумоте надорад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ҳоким Холиқзода, раиси ин ниҳоди молиявӣ
"Ягон давлат инро муайян карда наметавонад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, Холиқзода пешниҳод кард, ки Агентии омори назди президенти Тоҷикистон метавонад чунин маълумот дошта бошад.
"Шояд ҳаҷми иқтисоди сиёҳ ба 30 дарсади ММД баробар бошад, аммо азбаски сухан дар бораи иқтисоди сиёҳ меравад, муайян кардани он хеле мушкил аст", - таъкид дошт раиси БМТ.
Ёдовар мешавем, ки замоне, ки Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми иқтисоди сиёҳ аз 15 то 20 дарсадро ташкил медодааст.
Холиқзода: "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" беш аз 50% пули амонатгузоронро доданд
Ӯ гуфт, омори мазкур аз натиҷаи таҳқиқи Агентии омор дар Тоҷикистон аст ва афзуд, яке аз сабабҳои иқтисоди ғайрирасмӣ ва ё пинҳонӣ фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорон мебошад.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш зимни паёми солона ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ният дорад дар соли 2021 авфи сармояро анҷом диҳад. Дар ин робита қонуни дахлдор таҳия карда шуд.
Мӯҳлати қонунигардонии маблағҳо ва молу мулк тибқи қонуни мазкур як солро ташкил медиҳад (аз рӯзи эътибори ҳуқуқӣ гирифтани ҳуҷҷат).