ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар як барномаи зинда дар шабакаи CNN дар посух ба суолщои сокинони Синсинати гуфт: "Амрико афғонҳое, ки бо артиши ИМА кӯмак кардаанд, имкон дархости паноҳандагӣ ва тобеъиятро хоҳад дод”.
Дар дар мавриди мавзӯи муҳоҷират аз "кӯдакони афғон, ки ба сарбозони амрикоӣ кумак мекарданд" ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, афғонҳое, ки хонаводаи оннҳо "аз ончики иттифоқ меуфтад таъсир қарор доранд, наметавонад онҳоро канор гузошт.
"Бинобарин, мо ба онҳо фурсатро фароҳам мекунем то дида шавад, ки оё онҳо аз меъёрҳои вуруд ба Амрико ба унвони паноҳанда бархурдор ҳастанд то тобеъияти Амрикоро дарёфт кунанд. Ман фикр мекунам, ин як кор дуруст аст ки мо метавонем анҷом диҳем”, - гуфт Байден.
Вай қайд кард, ки амрикоиҳо аз пойгоҳҳо дар Афғонистон берун намешаванд то то замоне, ки вазъият ингуна афғонҳо мавриди баррасӣ қарор нагирад.
Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, имкон дорад тақрибан 18 ҳазор тарҷумони афғон ва аъзои оилаи онҳо (то 53 ҳазор) ба ИМА кӯч банданд.
Ёдовар мешавем, ки 14 апрел Байден эълом кард, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то 11 сентябр бояд ба итмом расад.