ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Аҳолии Ӯзбекистон қариб ба 35 миллион нафар расидааст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти ниҳод, дар давраи аз январ то июни соли 2021 аҳолии Ӯзбекистон беш аз 301 ҳазор афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали сол аҳолии кишвар 34,8 миллион нафарро ташкил дод.
Агентии омор қайд кард, ки дар байни зичии аҳолӣ дар шаҳрҳо ва деҳот амалан ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад.
Ҳамин тариқ, 17,7 миллион нафар дар мегаполисҳо ва 17,2 миллион дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Омор на танҳо кӯдакони дар шаш моҳ таваллудшуда, балки онҳоеро низ дар бар мегирад, ки шаҳрвандии Ӯзбекистонро қабул кардаанд.