Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши рекордии гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: тасдиқи марги дигар

Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон афзоиши якбораи коронавирус сабт шудаас
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 63 ҳолати нав ошкор карда шуд, ки 12 ҳолат нисбат ба рӯзи гузашта зиёд аст.
Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, ин нишондиҳандаи болотарин ва рекордӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 45 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 21 июл дар кишвар 14291 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13846 нафар шифо ёфтаанд.
Давоми шабонарӯзи ахир, ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 1 каси дигар фавтидааст, ки теъдоди умумӣ ба 115 нафар мерасад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.