Танкчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз размоишгоҳи Лоур ба сӯи Ҳарб-Майдон, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ аст, роҳпаймоӣ карданд.
Дарозии пайроҳае, ки онҳо тай намуданд 200 километрро ташкил медиҳад.
"Экипажҳои тонкҳои Т-72 масъалаҳои амнияти ҷангии корвон, рафъи минтақаҳои шартан ишғолшуда, дафъ кардани ҳамла тавассути гурӯҳҳои диверсия ва разведка ва зарбаҳои ҳавопаймоҳои душманро кор карда баромаданд", - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Федератсияи Русия.
Пас аз расидан ба размоишгоҳи Ҳарб-Майдон, танкчиён ба муҷаҳҳаз кардани мавқеъҳо ва паноҳгоҳҳо барои мошинҳои ҷангӣ шурӯъ карданд.
Машқҳои муштарак бо контингентҳои низомии Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 5 то 10 август дар вилояти Хатлон баргузор мешаванд.
Нерӯи низомии асосии Русияро воҳидҳои РВБ 201, инчунин гурӯҳҳои воҳиди махсуси таъиноти махсуси Округи марказии ҳарбӣ ташкил медиҳанд.