Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор медиҳад, ки ҷаҳон ба навъи нави хатарноктари коронавирус рӯбарӯ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Ҷаҳон метавонад ба навъи даҳшатноктари коронавирус дучор ояд, мегӯяд роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Габресйесус дар ҷараёни ҷаласаи 138 - умини Кумитаи байналмилалии олимпӣ.
Роҳбари СҶБ изҳор дошт, ки мутатсияи нав аз навъи "делта" ҳам бадтар хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ интиқоли минбаъдаи сироят метавонад муҷиби сар задани навъи хатарноки коронавирус гардад.

"То ҳадде, ки ин вирус бештар доман занад, ҳамон андоза эҳтимолияти пайдо шудани навъҳои хатарноктар ҷой дорад. Ҳатто аз "делта" - е, ки ҳоло хисороти зиёди ҷонӣ ва молӣ ба ҷаҳон овардааст, даҳшатноктар мешавад", - афзудааст Гебрейесус.

Сухангӯи СҶБ қайд кард, ки бо чунин тамоюл, метавонад штамми коронавирус ба вуҷуд ояд, ки ягон ваксин ба он таъсир расонданро наметавонад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Делта" - навъи ҳиндии коронавирус ба Ӯзбекистон расид
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир "бӯҳрони бесобиқа" вуҷуд дорад, ки "тадобири бесобиқаро" тақозо мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи СҶБ борҳо аз пайдоиши навъҳои нави коронавирус ҳушдор дод, ки аз вирусҳои феълӣ хатарноктар буда, назорат кардани он мушкилтар хоҳад шуд.