ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон як шаҳрванди 31 - солаи Чин ғарқ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, Вон-лен Вияо аснои ғарқи об шуд, ки дар канали магистралии ноҳияи Ёвон машғул ба моҳидорӣ буд.
Ҳодисаи нохуш рӯзи 18 июл дар мавзеи Лойқасо, воқеъ дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстӣ иттифоқ афтод, вале наҷотбахшон давоми се рӯз натавонистанд ҷасади мардро аз канал пайдо кунанд.
Ахиран наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади шаҳрванди Чинро 300-350 метр дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супориданд.
Манбаъ меафзояд, Вон-лен Вияо ба ҳайси тарҷумон дар ҶДММ "Рушди кишоварзии Тоҷикистону Хитой" дар шаҳраки нави Ёвон кор мекард. Ҳамсару ду фарзанди ӯ низ ҳамроҳаш дар Ёвон иқомат мекарданд.