ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Пойгоҳи низомии Русия бо 17 мошини ҳозиразамони БМП-2М тақвият дода мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ бо истинод ба фармондеҳ Александр Лапин хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки навъҳои нави силоҳ барои иваз кардани намунаҳои кӯҳнашудаи таҷҳизоти воҳидҳои мототехникии пойгоҳи низомии 201 - и Русия пешбинӣ шудаанд.
Мошинҳои пиёданизоми муосир тавассути нақлиёти ҳавоии нерӯҳои фазонавардии Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Интизор меравад, ки таҷҳизоти нав то охири моҳи июл ба маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи Русия оварда шаванд.
Тақвияти пойгощи низомии Русия дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад.
Вазифаҳои асосии мошинҳои ҷангии пиёданизом интиқол, муҳофизат ва пӯшонидани хизматчиёни ҳарбӣ дар хатти пеш мебошанд.