ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Олимпӣ дар Токио ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки онҳо "масъулияти худро 120 дарсад иҷро мекунанд", то ин мусобиқаро бомуваффақият баргузор намоянд ва нагузоранд, ки он лағв шавад.
Олимпиадаи Токио аз 23 июл то 8 август баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаи софтбол рӯзи чоршанбе оғоз ёфт. Рӯзи сешанбе директори иҷроияи кумитаи тадорукот Тоширо Муто бо сабаби пандемия дар лаҳзаи охирин бекор шудани Бозиҳоро истисно накард.
Агентии Рейтер посухи Муторо ба саволи лағви Бозиҳои олимпӣ нашр кардааст.
"Дар сурати афзоиши ҳолатҳои нави ин беморӣ музокиротро идома хоҳем дод. Мо ба мувофиқа расидем, ки бар асоси вазъи коронавирус боз гуфтугӯҳои панҷҷониба анҷом медиҳем", - гуфт Муто.
Намояндаи дигари кумитаи тадорукот зимни шарҳи имкони лағви Олимпиада дар лаҳзаи охир, таъкид кард: "Мо кӯшиш мекунем, то мусобиқа бомувафаққият баргузор шавад. Мо омода ҳастем, ки маросими ифтитоҳро пас аз ду рӯз баргузор кунем".
Аз 1 июл то имрӯз дар Токио 67 ҳолати сирояти COVID-19 дар байни хориҷиён ва ҷопониёне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат доранд, аз ҷумла варзишгарон, кормандон ва аъзои ҳайатҳо муайян шудааст.
Ҳамчунин миёни варзишгарон ва кормандони тими миллӣ, ки берун аз пойтахти Ҷопон тамрин мекунанд, чор ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд.