Аз 3 то 71-сола: нашри номи қурбониёни сели Панҷакент, ки 7 танаш аз хонаводаи Исмоиловҳо

Ҷустуҷӯйи ҷасадҳои ду тани дигар то кунун идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Бар асоси иттилоияие, ки Мутриб Шоназаров, афсари КҲФ-и шаҳри Панҷакентдар дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, исмӣ ҳама қурбониёни сел дар Панҷакент дақиқ шуд.
Бар асоси ин иттилоия, сели маргбори рӯзи 19 июн дар Панҷакент ҷони 7 узви хонаводаи Исмоиловаҳоро бо шумули панҷ тани дигар рабудааст.
Мутриб Шоназаров гуфт, танҳо аз хонаводаи Исмоиловаҳо 7 нафар: Модари 31 сола Исмоилова Парвина бо фарзандонаш - Исмоилова Сафияи 8 - сола, Исмоилов Эзоҳи 10 - сола, Исмлилов Озоди 6 - сола, Исмоилова Нигинаи 3 - сола ва наздиконаш Исмоилова Сабринаи 6 - сола, Исмоилов Ҳасани 3 - сола ҷони худро аз даст додаанд.
Эълони зарари сел дар водии Зарафшон: КҲФ гуфт, ҷасади ду тани дигарро мекобанд
Ҳамзамон селбурдаҳои дигар, Ҷониқулова Мавҷудаи 53 -cола, Ҷониқулова Норбибии 71 -cола, ки зоҳиран хешованданд ва Эгамбердиева Мусаллам мебошанд.
Манбаъ гуфт, Ҷасади Исмоилова Нозима ва Ёқубов Ҳабиб то кунун ёфт нашудааст ва ҳоло ҷустуҷӯйи он аз ҷониби кормандони КҲФ ва аҳолии маҳаллӣ идома дорад.
Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки сел фавтидагонро дар чарогоҳи тобистона, ки машғули чорвочаронӣ буданд, ба комаш мекашад ва ҷасади ёфтшудаҳоро бо ҷархбол ба деҳа меоранд.

"Вақте борони шадид меборад, онҳо барои паноҳ бурдан ба хаймаҳо медароянд, аммо сел онҳоро бо хаймаҳояшон якҷо мебарад", - гуфт манбаъ.

Ба иттилои расмии КҲФ, сел ҳамзамон 35 сар чорвои сокинонро рабуда, роҳу хонаҳоро низ вайрон кардааст.
Боронҳои шадиди рӯзи 19 июн тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта, дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.
“Ид мотам шуд”: наворҳои селҳои маргбор дар Суғд - видеоҳо
Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд, сели азим 4 км роҳи мошингард, 2 пул, хати барқ вайрон гардида, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лойоба пур кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар мегӯяд, сел дар ноҳияи Масчоҳ низ 3 бинои истиқоматӣ пурра, 5 бинои истиқоматӣ қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 км роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пулро хароб кардааст.