Нахустин шуда Мирзиёев ба Раҳмон даргузашти хоҳарашро тасаллӣ гуфт

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз миёни кулли раисҷумҳурон нахустин шуда ба Эмомалӣ Раҳмон даргузашти хоҳарашро тассалият гуйфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Шакат Мирзиёев ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти хоҳараш изҳори тасаллият кард.
Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иди Қурбон, 20 июл аз олам даргузашт.
Ӯ 64 сол дошт. Сабаби марги хоҳари роҳбари давлат расман зикр нашудааст, аммо бар тибқи бархе гузоришҳо, Раҳмонова гирифтори коронавирус буд ва маҳз аз ҳамин маризӣ ҷон бохтааст.
Мотам дар хонаводаи президент: хоҳари Эмомалӣ Раҳмон даргузашт
Қаблан, Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова дар робита бо маргаш изҳори тасаллият кард.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи ҷорӣ хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекбӣ Асадуллоева даргузашт.
Иллати марги модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон бемории ҳамагири коронавирус арзёбӣ мешуд.