Коҳишёбии рублу евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби рубл коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ имрӯз 0.1510 сомонӣ мебошад.
Бар пояи охирин нишондоти ин ниҳод арзиши Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ ба 0.1521 сомонӣ баробар буд.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди ин ниҳод каме боло рафта, 1 доллари ИМА 11.3230 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ коҳишёбиро идома медиҳад.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3317 сомонӣ муқаррар шудааст. Ду рӯз қабл дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.3764 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3230 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.3317 то 13.5500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1510 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.