ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон то 4 рӯзи дигар хатари фаромадани сел боқӣ мемонад, мегӯяд КҲФ бо истинод ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то 25 июл дар аксар минтақаҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ аз сабаби болоравии дамои ҳаво эҳтимолияти омадани селҳои пиряхӣ мавҷуд аст.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон дорхост намудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои нохуши офати табиӣ тамоми чораҳои бехатариро риоя кунанд. Аз ҷумла дархост шудааст, ки ҷӯйбору каналҳо аз хасрӯба ва ҳаргуна бодовардҳо тамиз карда шаванд.
Илова бар ин, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз рафтан ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳезуму растанӣ худдорӣ карда шавад.
КҲФ ба ронандаҳо низ тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд ва фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки сеофароии ахир дар ноҳияи Панҷакент ҷони 12 нафарро рабуд, ки 6 қурбони кӯдакон буданд.