ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Пас аз боронҳои пай дар пайи рӯзи 19 июл, дар деҳаи Киштудаки Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти 10 нафар одамоне, ки ба чаронидани чорво машғул буданд, дучори сел шуданд, хабар додааст КҲФ
Гуфта мешавад ин афрод дар баландии тақрибан 30 км аз Ҷамоати деҳоти Дашти Қозӣ дар чарогоҳҳои тобистонаашон будаанд.
"Инчунин дар натиҷаи офати табиӣ ва обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 км роҳи байни деҳаҳо зарар расида, боиси талафоти 35 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда шуд. Аҳолии маҳаллӣ тахминан соати 17:30 ҷасади ду занро аз зери лойоба берун оварданд", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, то кунун ыасади 8 нафар пайдо шудаву ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад.
Ҳамзамон дар қаламрави деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ низ сел ба қайд гирифта шудаас, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷа 4 километир роҳи мошингард, 2 пул, хати барқ вайрон гардида, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лойоба пур шудаанд.
Ҳамзамон 19 июл баъди борони шадид дар деҳаҳои Пасти-Гал, Хабишар, Тит, Рогиф ва Ревемутки Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ низ сел омадааст.
"Дар натиҷаи офати табиӣ 3 бинои истиқоматӣ пурра, 5 бинои истиқоматӣ қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 км роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пул осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест", - афзудааст манбаъ.
Сели харобиовари 19 июл инчунин 15 хона ва рощщоро дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут ва дар деҳаи Некти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич вайрону кардааст
Гуфта мешавад, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба кор оғоз намудаанд. Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома доранд.